Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигори Фардо ба 1 соли зиндон маҳкум шудааст


Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ бо нашри як баёния матбуотӣ хабар додааст, ки як додгоҳи Эрон хабарнигори Радиои Фардо Пурноз Азиморо бо ҷурми нашри “таблиғоти зидди низом” ба 1 соли зиндон маҳкум кардааст.

Президенти Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ Ҷефф Гедмин дар бораи ин ҳукми додгоҳ изҳори нигаронӣ кардааст.

Пурноз Азимо соли гузашта дар зарфи 8 моҳ дар Эрон амалан дар банд буд ва берун омада наметавонист. Ӯ акнун бояд барои адои ҳукми додгоҳ ё ба Эрон баргардад ва ё манзили модараш, ки ба гарав гузошта буданд, аз даст хоҳад рафт.

Радиои Фардо радиои муштараки Радиои Озодӣ ва Садои Амрико буда, 24 соат дар шабонарӯз барои Эрон бо забони форсӣ барнома пахш мекунад.
XS
SM
MD
LG