Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯи ҷанги нав дар Амрикои ҷанубӣ


Венесуэла ва Эквадор ба нишони эътироз ба, ба гуфтаи онҳо, ҳамлаи ғайриқонунии нирӯҳои Колумбия ба хоки Эквадор сафирони худро аз Богота, пойтахти Колумбия фаро хондаанд. Президенти Венесуэла Ҳуго Чавес ҳамчунин ҷиҳати ирсоли нирӯҳои кишвараш ба марз бо Колумбия дастур додааст.

Ҳуго Чавес гуфтааст, қатли раҳбари чирикиҳои ФАРК Раул Рейес дар ҷараёни амалиёти ахири фаромарзии нирӯҳои Колумбия метавонад мунҷар ба ҷанги наве дар Амрикои ҷанубӣ шавад. Чавес Колумбияро ба ишғоли қаламрави Эквадор айбдор карда гуфтааст, вай бо президенти Эквадор Рафаэл Кореа тамоси телефонӣ дошт ва Эквадор низ ҷиҳати ирсоли нирӯҳояш ба марз бо Колумбия дастур додааст.

XS
SM
MD
LG