Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо ба тасвирҳои танзомез дар Мазори Шариф


Ҳудуди 700 нафар дар шимоли Афғонистон алайҳи чопи дубораи тасвирҳои танзомези пайғамбари ислом Муҳаммад дар матбуоти Дания ташкили тазоҳурот кардаанд. Тазоҳурот дар шаҳри Мазори Шариф ҳамчунин бар зидди филми ба тозагӣ дар Ҳолланд наворбардоришудае будааст, ки дар он, гуфта мешавад, Қуръон, китоби муқаддаси мусалмонон ҳадафи танқид қарор гирифтааст.

Издиҳоми гирдиҳамомада дар атрофи бузургтарин масҷид ва мақбараи исломӣ дар Мазори Шариф парчамҳои ҳарду кишвари Дания ва Ҳолландро оташ зада, алайҳи, ба гуфтаи онҳо, “душманони Ислом” шиъор мезаданд.
XS
SM
MD
LG