Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии СММ дар бораи ҳалокати афрод дар Ереван


Кумиссари олии ҳуқуқи башари СММ Луиз Арбур мақомоти Арманистонро дар пайи шаби пурхушунати шанбе ба якшанбе, ки 8 кушта бар ҷой гузошт, ба хештандорӣ даъват кард. Луиз Арбур ҳамзамон дар бораи ҳалокати афрод дар ҷараёни ошӯбҳои Ереван изҳори нигаронии амиқ кардааст.

Ба дунболи задухӯрди байни нирӯҳои пулиси арманӣ ва тазоҳургарон, ки ба натоиҷи интихоботи рӯзи 19 феврал баргузоршудаи раёсати ин ҷумҳурӣ эътироз мекарданд, раисиҷумҳури кунунии Арманистон Роберт Кочариён вазъи фавқулодда ҷорӣ кардааст.

Интихоботи Арманистон бо пирӯзии сарвазир Серж Саркисиён, ки номзади ҳизби ҳоким буд, анҷом ёфт, вале тарафдорони номзади мухолифин Левон Тер-Петросиён натиҷаҳои расмии шумориши ороро қабул накард, дар тӯли 11 рӯз дар Ереван ташкили раҳпаймоӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG