Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод дар Ироқ ҳарфҳои Амрикоро радд кард


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҷараёни боздиди расмиаш аз Ироқ иттиҳомоти Амрико мабнӣ бар инро, ки Эрон шибҳанизомиёни шиъа дар Ироқро, ки даст ба куштори сарбозони амрикоӣ мезананд, таъмини силоҳ мекунад, радд кард. Вай дар пайи мулоқоташ бо сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ гуфт, мардуми Ироқ худ Амрикоро дӯст намедорад.

Маҳмуди Аҳмадинажод нахустин раҳбари Эрон аст, ки дар пайи ҷанги байни Ироқу Эрон дар солҳои 80-уми асри гузашта аз Ироқ дидан мекунад.

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш аз раҳбарони Ироқ даъват кард, ба аҳмадинажод бигӯянд, ки Эрон бояд ба Ироқ лавозимотеро, ки мунҷар ба куштори сарбозони Амрико ва муттаҳидинаш мешавад, бас кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG