Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти Афғонистон зидди карикатураҳои Пайғамбар


Дар шимоли Афғонистон ҳудудан 700 нафар ба нишони эътироз аз чопи дубораи карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбар дар нашрияҳои Дания раҳпаймоӣ карданд. Гирдиҳамомадагон инчунин алайҳи намоиши дар пешистодаи филми коргардони ҳолландӣ эътироз карданд, ки дар он китоби муқаддаси дини Ислом - Қуръон мавриди танқид қарор гирифтааст. Тазоҳуроти мазкур дар атрофи бузургтарин масҷиди Мазори Шариф ҷараён гирифт ва ширкатдорони он парчамҳои миллии Ҳолланд ва Данияро оташ заданд.

XS
SM
MD
LG