Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати тақрибан 50 % дар интихоботи Русия


Тибқи иттилои Комиссиюни Марказии интихоботҳои Русия то ин соатҳо дар саросари ин кишвар беш аз 48 % шаҳрвандони қобили раъй дар интихоботи раиси ҷумҳурӣ иштирок карданд. Раиси ин комиссиюн Владимир Чуров гуфт, ки ин арқом каме бештар аз нишондодҳои интихоботи парлумонии моҳи декарб мебошад. Дар Шарқи Дур, ки ҷараёни овоздиҳӣ анҷом шудааст, ҳузури раъйдиҳандагон дар сатҳи боло арзёбӣ мешавад. Масалан, дар Чукотка 80 % ва дар Хабаровск, тибқи иттилои расмии Комиссиюни интихоботӣ, беш аз 70 % мардум овоз доданд. Интизор меравад, ки интихобот бо пирӯзии вориси раиси ҷумҳурии кунунии Русия Владимир Путин - муовини аввали нахуствазир Дмитрий Медведев ба анҷом расад.

XS
SM
MD
LG