Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинаҷод иттиҳомоти Амрикоро рад кард


Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинаҷод зимни боздидаш аз Ироқ иттиҳомоти Амрикоро рад кард, ки мегӯяд, Теҳрон ҷангиёни шиамазҳаби ироқиро барои куштори сарбозони амрикойӣ мусаллаҳ мекунад. Аҳмадинаҷод гуфт, ки "мардуми Ироқ Амрикоро дӯст намедоранд". Изҳороти вай баъди мулоқот бо нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ дар Бағдод пахш шуд. Чанд соат пеш аз ин Аҳмадинаҷод дар мулоқот бо ҳамтои ироқиаш Ҷалоли Толибонӣ гуфт, ки дидору гуфтугӯҳои онҳо дар фазои "дӯстиву бародарӣ" ҷараён гирифт ва онҳо ният доранд дар оянда ҳадди аксар равобити дуҷонибаро густариш диҳанд. Толибони сафари Аҳмадинаҷодро ба Бағдод таърихӣ арзёбӣ кард. Аҳмадинаҷод нахустин раҳбари Эрон аст, ки дар 29 соли охир дар пайи инқилоби исломӣ ва ҷанги Ироқу Эрони солҳои 80-уми қарни гузашта аз Бағдод дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG