Пайвандҳои дастрасӣ

Аббос ҷараёни музокироти сулҳро мутаваққиф кард


Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос гуфт, ки амалиёти идомаёбандаи артиши Исроил дар Ғазза боиси боздошта шудани ҷараёни музокироти сулҳ бо Телавив мешавад. Ин дар ҳолест, ки Исроил гуфт, ки алорағми танқидҳои афзояндаи байналмилалӣ аз иқдомоти Телавив, ҳамлаҳоро болои ҷангиёни Ҳамос дар Канораи Ғазза афзоиш хоҳад дод. Иттиҳодияи Аврупо артиши Исроилро барои истифодаи "номутаносиби нирӯ" маҳкум кард. Бан Ки Мун, дабири кулли СММ рӯзи шанбе Исролиро барои истифодаи аз ҳад зиёди нирӯ танқид кард. Нирӯҳои исроилӣ гузориш доданд, ки дар пайи ҳамлаҳои онҳо болои Ғазза 60 нафар, аз ҷумла мулкиҳо ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG