Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳоди Аврупо: музокира бо Сербистон дар пеш аст


Вазири хориҷаи Австрия гуфт, ки алорағми ихтилофҳо дар масъалаи истиқлолияти Косово, Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз ҳам қарордоди музокира бо Сербистонро боз нигаҳ медорад. Урсула Плассник гуфт, ки кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо "ботаҳаммул, собитқадамона ва сарсахтона" дар самти эҷоди равобити ҳасана бо Сербистон гом хоҳанд бардошт. Вай гуфт, ки масъалаи амниятӣ барои минтақаи Балкан калидӣ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG