Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Дания ҷонибдори ирсоли нирӯи бештар ба Афғонистон


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш ва нахуствазири Дания Андерс Фог Расмуссен аз кишварҳои узви НАТО даъват намуданд, ки артиши бештари худро барои муқобила бо шӯришиён ба Афғонистон фиристанд. Дар ин замина ду раҳбар дар пайи мулоқоти рӯбарӯяшон дар ранчои Буш дар Кроуфорди Техас дар баробари хабарнигорон изҳороте пахш карданд. Буш гуфт, ки вай ният дорад дар нишасти НАТО 2-4 апрел дар Буҳарест давлатҳои узви ин паймони низомиро барои ирсоли нирӯҳои бештар ба Афғонистон ташвиқ кунад.
XS
SM
MD
LG