Пайвандҳои дастрасӣ

Дар интихоботи Русия аз шаш як ҳиссаи мардум овоз доданд


Тибқи иттилои Комиссиюни Марказии интихоботҳои Русия то ин соатҳо дар саросари ин кишвар беш аз 15 % шаҳрвандони қобили раъй дар интихоботи раиси ҷумҳурӣ иштирок карданд. Интизор меравад, ки интихобот бо пирӯзии вориси раиси ҷумҳурии кунунии Русия Владимир Путин - муовини аввали нахуствазир Дмитрий Медведев ба анҷом расад. Тибқи назархоҳиҳои ахир, тахмин зада мешавад, ки Медведеви 42-сола ва раҳбари ширкати воҳиди Газпром беш аз 60 сади сади раъйҳоро аз они худ хоҳад кард. Раҳбарони мухолифин бо иттиҳоми даст ба тақаллуби натиҷаҳо задани мақомот интихоботи раёсатҷумҳуриро маҳкум карданд. Номзадҳои мустақили зиддикремлин ба интихоботи рӯзи 2 март роҳ дода нашуданд.

XS
SM
MD
LG