Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Аҳмадинаҷод аз Бағдод шурӯъ шуд


Имрӯз мулоқоти раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинаҷод бо мақомоти Ироқ дар Бағдод сурат мегирад. Аҳмадинаҷод нахустин раҳбари Эрон аст, ки дар 28 соли охир баъди ҷанги Ироқу Эрон (солҳои 1980-1988) аз Бағдод дидан мекунад. Вай бо раиси ҷумҳурӣ Ҷалоли Толибонӣ ва нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Дар пешорӯи сафар ба Бағдод раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, ки ҳадафаш кӯмак дар таҳкими ҳукумати Ироқ аст, ки аз ҷониби раҳбарияти шиамазҳаб идора мешавад ва инчунин мехоҳад дар сулҳу суботи минтақа саҳмгузор бошад. Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш аз мақомоти Ироқ хост, ки ба Аҳмадинаҷод гуфта шавад, то Эрон аз ирсоли "таҷҳизоти маснуъӣ", ки бо куштори амрикоиҳову нирӯҳои эътилофии онҳо меанҷомад, хотима диҳад. Буш инчунин аз раиси ҷумҳурии Эрон даъват кард, ки аз "содироти террор" даст кашад.

XS
SM
MD
LG