Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии дубораи мухолифин дар Ереван


Бахши армании радиои Озодӣ мегӯяд, ки ҳазорҳо ширкатдорони эътирозҳои Ереван, ки субҳи шанбе иҷборан аз ҷониби полис пароканда шуданд, дубора дар Майдони Озодии пойтахт гирди ҳам меоянд. Субҳи шанбе гурӯҳи полис ва нирӯҳои вазорати дохилаи кишвар майдонро иҳота карда барои пароканда кардани мардум аз чӯбдастҳо, гази ашковар ва шоки барқӣ истифода карданд. Дар ин ҳодиса чанд нафар маҷрӯҳ шуданд. Раҳбари мухолифин ва намоишҳои эътирозӣ Левон Тер-Петросян ба ҳабси хонагӣ андохта шуд. Тарафдорони мухолифин зидди тақаллуби эҳтимолии натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ эътироз мекунанд, ки бо пирӯзии нахуствазир Серж Саркисян анҷомид.
XS
SM
MD
LG