Пайвандҳои дастрасӣ

Итолиё ба Тоҷикистон кӯмак мекунад


Ҳукумати Итолиё ба Тоҷикистон бо назардошти офатҳои табиии зимистони имсола ва бӯҳрони энержӣ ба маблағи кулии 250 ҳазор евро кӯмак кардааст. Сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар ин бора гуфт:

"Итолиё ба маблағи 150 ҳазор евро дар доираи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва ҳамчунин ба маблағи 100 ҳазор евро дигар маводи лозимиро (дар ҳаҷми куллии 250 ҳазор евро) ба Тоҷикистон ҷудо кард. Аз кишварҳои дигар ҳам кӯмакҳо мерасад, кӯмакҳо бисёр аст. Ҳамчунин аз созмонҳои байналмилалӣ низ кӯмакҳои зиёде барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шудааст, лекин дар нисбат ба он зараре, ки ҷумҳурӣ дидааст, дар давоми ин давраи хунукӣ, ҳамаи ин албатта, фоизи камеро ташкил медиҳад".

То кунун ба Тоҷикистон давлатҳои мухталифи аврупоиву ғарбӣ, мисли ИМА, Бритониё, Норвегия, давлатҳои Балтик, ҳамсоякишварҳои Қазоқистону Эрон кӯмак кардаанд. Мақомоти баландпояи Тоҷикистон мизони хисороти ворида аз офатҳои табиии имсоларо дар ҳаҷми ҳудудан 1 миллиард доллар арзёбӣ мекунанд.

Ин хабар дар ҳоле пахш мешавад, ки ахиран СММ гуфтааст, бо ҳадафи камтар шудани мизони хисорот аз офатҳои табиии дар пешистодаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳукуматҳои ин кишварҳо бояд аз ҳоло дар андешаи тадбирҳои амалӣ бошанд. Милали Муттаҳид мегӯяд, ки тибқи пешгӯиҳои ҳавошиносон, имсол дар минтақа баҳори серборишро интизор бояд шуд ва ҳукуматҳо аз ҳоло бояд дар фикри ҷилавгирӣ аз хатарҳои обхезиҳои шадид бошанд.

XS
SM
MD
LG