Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари Толибони Покистон - муттаҳам ба куштори Бҳутто


Полиси Покистон имрӯз расман раҳбари Толибон дар ин кишварро дар ташкил ва куштори раҳбари мухолифин Беназир Бҳутто муттаҳам кард. Полис имрӯз айбномаи муқаддамотиро зидди Байтуллоҳ Маҳсуд содир кард. Ин шахсро аз оғоз мақомоти Покистон чун гумонбари аслии куштори нахуствазири пешини кишвар дар таърихи 27 декабри соли ҷорӣ ном мебурданд. Дар баробари Маҳсуд инчунин чаҳор тани дигар бо гуноҳи даст доштан дар ин сӯиқасд айбдор шудаанд.
XS
SM
MD
LG