Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳзодаи Бритониё Афғонистонро тарк кард


Шоҳзодаи бритониёӣ Ҳаррӣ баъди 10 ҳафтаи муқобила бо ҷангиёни Толибон дар вилояти Ҳилманди Афғонистон ба ватан баргашт. Набераи 23-солаи маликаи Бритониё маҷбур шуд баъди пахши хабаре дар як саҳифаи интернертии амрикойӣ фаъолиятҳои низомии худро дар ҳайати нирӯҳои Бритониё дар Афғонистон қатъ кунад. Ҳаррӣ ба таври махфӣ дар Афғонистон чун сарбози қаторӣ хизмат мекард, аммо баъди пахши ин хабар тавассути Интернет, бо далелҳои амниятӣ қарор шуд, ки ӯ ба ватан баргардонида шавад. Тибқи гузоришҳо, бар асоси як тавофуқи ғайримуқаррарии миёни вазорати дифоъ ва расонаҳои Бритониё маҳз бо далелҳои амниятӣ аз пахши хабари ба Афғонистон рафтани Ҳаррӣ ҷилавгирӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG