Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ ва ИМА аз анҷоми амалиёти Туркия истиқбол карданд


Ҳукумати Ироқ ва ИМА аз анҷоми амалиёти нирӯҳои Туркия дар шимоли Ироқ, ки зидди шӯришиёни Ҳизби Коргарони Курдистон нигаронида шуда буд, истиқбол карданд. Дар изҳороти Ҷалоли Толибонӣ, раиси ҷумҳурии Ироқ омдааст, ин маънои қобили эътимод будани изҳороти артиши Туркияро дорад, ки гуфта буд, дар фурсати кӯтоҳ амалиёти низомиашро анҷом хоҳад дод. Низомиёни Туркия гуфтанд, амалиёти онҳо, ки беш аз як ҳафта давом кард, ба ҳадафҳои худ расидааст. Онҳо мегӯянд, ки дар давоми тамоми муддати амалиёти низомиашон дар шимоли Ироқ дасти кам 240 ҷангӣ ва 27 сарбози онҳо кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG