Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия нерӯҳояшро аз шимоли Ироқ баровард


Бурунрафти нерӯҳои Туркия аз шимоли Ироқ дар 29 феврали соли 2008.
Бурунрафти нерӯҳои Туркия аз шимоли Ироқ дар 29 феврали соли 2008.

Ҳарбиёни Туркия мегӯянд, нерӯҳои ин кишвар амалиёти густардаи зидди ошӯбгарони курдро дар шимоли Ироқ ба поён расонданд.

Дар изҳороти артиши Туркия гуфта мешавад, ин амалиёт ба аҳдофи худ расид ва субҳи ҷумъа нерӯҳои Туркия ба ватан баргаштанд.

Вазири умури берунаи Ироқ, Ҳушёр Зебарӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Вай гуфт: "Мо хабарҳои боварбахше гирифтем, ки нерӯҳои турк хуруҷ аз қаламрави Ироқро дар соати 4-и субҳи вақти маҳаллӣ сар карданд ва ба самти марзи Туркия рафтанд. Ин хуруҷ ҳамаи нерӯҳоеро дар бар мегирад, ки дар ҳафтаҳои гузашта вориди хоки Ироқ шудаанд."

Амлиёти нерӯҳои Туркия дар шимоли Ироқ як ҳафта пеш сар шуда буд ва Анкара мегуфт, мақсад дорад, пойгоҳҳои ошӯбгарони Ҳизби коргари Курдистонро аз минтақа берун кунад. Дар изҳороти артиши Туркия гуфта мешавад, дар ин амалиёт ба камияш 240 мусаллаҳи Ҳизби коргари Курдистонр кушта шудаанд. Талафоти худро артиш 27 нафар меномад.

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш рӯзи панҷшанбе аз Туркия даъват кард, нерӯҳои худро аз Шимоли Ироқ ҳарчи зудтар хориҷ кунад. Ин талаб ҳамчунин аз забони сарони Ироқ низ садо додааст.

Дар давоми низоъи хунин миёни Ҳизби коргари Курдистон ва артиши Туркия аз оғози солҳои ҳаштодуми садаи гузашта то имрӯз беш аз 32 000 нафар кушта шудаанд. Мусаллаҳони ин ҳизб истиқлолияти минтақаи курднишини ҷанубушарқии Туркияро талаб мекунанд.

Иёлоти Муттаҳида хуруҷи нерӯҳоро мусбат арзёбӣ кард ва афзуд Ҳизби коргари Курдистонро ҳамчунон созмони террористӣ мешуморад.
XS
SM
MD
LG