Пайвандҳои дастрасӣ

Уқоби дусараи рамзи миллӣ?


Дмитрий Медведев дар давоми президентиаш оё мухтор хоҳад буд?

Дмитрий Медведев дар давоми президентиаш оё мухтор хоҳад буд?

Бо он ки натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Русия рӯзи 2-уми март дигар яқин шудааст, ин кишвар вориди як марҳалаи барояш ғайриодие мешавад.

Яъне ба эҳтимоли ғолиб, баъд аз 2-вуми март бар кишвар якбора ду раҳбар ҳукм хоҳанд ронд: Дмитрий Медведев – ҳамчун раисиҷумҳур ва Владимир Путин – ҳамчун сарвазир.
Чунин дудаста шудани қудрат дар Русия аз замони мавсум ба Великая Смута ва то даврони Шӯравӣ одатан барои ин кишвар чизи хубе наовардааст ва Русияро ҳар дафъа ба домани бесуботӣ мекашонид. Вале оё тандеми Медведеву Путин Русияро куҷо хоҳад бурд?
Дар саҳнаи сиёсии Русия барои изҳори садоқати мансабдорони зинаҳои поёнтар ба раҳбари аввал як силсила суннатҳои хоссе вуҷуд дорад. Масалан, портрети президент девори куллия дафтарҳои кории давлатиро оро медиҳад. Ё баробари вориди толор шудани раҳбари давлат суннат аст, ки бақия ҳама ба нишони эҳтироми шахси ӯ аз ҷой бармехезанд.
Аммо Владимир Путин дар нишасти густардаи хабарие, ки 14-уми феврал барпо кард, ба сароҳат эълом кард, ки дар қиболи вориси баргузидааш Дмитрий Медеведев ин суннатҳоро муроот нахоҳад кард: “Сарвазир шудани ман, ба ҳар сурат, як кори беназир аст. Чунки ман худ тайи 8 сол раисиҷумҳур будам ва бад кор намекардам. Барои ман ба хотири сохтани муносибот бо Дмитрий Анатолевич Медведев лозим нест, ки ҳатман акси ӯро дар деворам биовезам. Мо барои сохтани муносибот васоили дигаре ҳам дорем, ки бароямон кофист”.
Русия феълан дар остонаи вуруд ба як марҳалаи гузаришии барояш то ҳол ноошное қарор гирифтааст. Дмитрий Медведев, ҳамчун вориси баргузидаи Путин, ба эҳтимоли зиёд, интихоботи 2-вуми мартро ба осонӣ хоҳад бурд. Путин, ба навбаи худ, гуфтааст, ки дар давлати Медведев ба курсии сарвазирӣ хоҳад нишаст. Чунин ҳол ин суолҳоро дар зеҳнҳо бедор мекунад: Пас дар ин сурат раҳбари воқеъии кишвар кадоми онҳо хоҳад буд? Оё ин, тавре бархе таҳлилгарони рус батакрор мегӯянд, ҳамон диархия ё худ дуҳокимиятие нест, ки дар гузашта ҳар дафъа барои Русия бо бесуботӣ анҷом мешуд?
Аз пеш маълум аст, ки муносиботи байни Путину Медведев дар чаҳорчӯби одии муносиботи байни сарвазири зердасте, ки пеши президент зону мезанад, нахоҳад гунҷид. Чунки Медведев худ “марди сиёсӣ”-ест, ки ӯро Путин сохтаст. Путин буд, ки дар зарфи беш аз даҳ сол Медведевро раҳнамоӣ мекард, зина ба зина болотар мебурд ва, билохира, дар олитарин курсӣ нишонд.
Гузашта аз ин, Путин дар байни мардум маъруфият ва маҳбубияти бемислеро соҳиб шудааст. Медведев, дасти кам, аз ин лиҳоз аз раҳбари феълӣ ва зердасти баъдиаш кам меояд.
Владимир Рижков, сиёсатмадори мухолифи президенти феълӣ, мегӯяд, Путин бо ин баёнияҳо, аз ҷумла суҳбатҳояш дар нишасти хабарии рӯзи 14-уми феврал мехоҳад ба саромадони сиёсии кишвар намоиш диҳад, ки ӯ дар раъси қудрат истоданист: “Ин суханронии раҳбаре набуд, ки аз сари қудрат рафтанист. Балки ин суханронии раҳбари фаъъоле буд, ки мехоҳад минбаъд ҳам дар раҳбарии кишвар бимонад. Яъне мехоҳанд нишон диҳанд, ки нафари аввал кист ва дувум – кӣ”.
Аммо баъди адои савганд ва расман нишастанаш ба курсии раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ Медведев расман раҳбари аввали Русия хоҳад шуд. Ӯ ба Кремл кӯчида, назорати расмӣ бар куллия хадамоти низомиву амниятиро ба даст хоҳад овард. Ва ҳатто “ҷомадончаи ҳастаӣ”, ин рамзи муҳимми қудрат дар Русияи соҳиби силоҳҳои ҳастаӣ, низ ба дасти Медведев мегузарад. Худи вай дар мусоҳиба бо маҷаллаи ҳарҳафтаинаи “Итоги” гуфтааст, ки нақши танҳо як раҳбари расмӣ, вале амалан фармонбардорро, бозӣ карданӣ нест.
Дмитрий Медведев, ки парвардаи мактаби Владимир Путин аст, ӯро тақрибан мисли падар мехонад. Вале таърихи Русия, ҳатто таърихи навтарини ин кишвар моломоли намунаҳоест, ки чи гуна мубориза барои қудрат дӯстони пешинро ба сангарҳои мухталиф мекашонад. Михаил Горбачёв ва Борис Елтсин, ҳамин тавр, дар оғози даврони бозсозӣ ду муттаҳиди наздик буданд, вале дар ниҳоят ба ду рақиби оштинопазир табдил ёфтанд. Худи Борис Елтсин ибтидо бо раиси порлумонаш Руслан Хасбулатов ва ноибаш Александр Рутской муттаҳиди хеле наздик буд, вале ихтилофи баъдан дар байни онон уфтода қариб буд Русияро дар соли 1993 ба домани ҷанги шаҳрвандӣ бикашонад.
Эдвард Кинан, профессори таърихи Русия дар донишгоҳи амрикоии Ҳарвард, боз ҳам ба дуртар нигоҳ мекунад ва мегӯяд, чунин дудаста шудани қудрат Русияро сар аз даврони пурошӯби асри 17 ва рафта то суқути салтанати Романовҳо дар соли 1917 ва бебандубориҳои солҳои 90-уми асри гузашта ҳамроҳӣ мекард: “Вақте саромадони сиёсӣ байни худ меҷанганд, кор дигар тамом аст. Онҳо бояд ҳадди ақалл вонамуд кунанд, ки иттиҳоди байни онҳо иттиҳоде собит аст”.
Дуархияи кунунӣ дар Русия дар ҳоле ба майдон меояд, ки саромадони сиёсии ин кишвар ба сангарҳои мухталифе тақсим шудаанд. Ба назари бархе таҳлилгарон, Владимир Путин аз ин ихтилофи назарҳо байни гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ба нафъи худ ва ба хотири таҳти назорат нигоҳ доштани Дмитрий Медведев истифода хоҳад бурд.
Гуфта мешавад, намояндагони мақомоти қудратӣ ба раҳбарии Игор Сечин, муъовини қудратманди дастгоҳи Путин ва ҳизби «Русияи воҳид», нахоҳанд гузошт, ки Медведев берун аз он чи, ки Путин мехоҳад, пой гузорад.
Вале аз сӯи дигар, афроди технократе, чун Алексей Кудрин, вазири дороии Русия, ва Анатолий Чубайс, раҳбари шабакаҳои воҳиди нерӯи барқи Русия, истодаанд, ки, ба эҳтимоли ғолиб, аз Медведев ҳимоят хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, Андрей Рябов, таҳлилгари маркази Дейл Карнегӣ дар Маскав, дар ин ҳарбузарбҳо барои тахти Русия иродаи тарафайн ва омилҳои шахсиро умда медонад, вале ишора мекунад, ки ин набард дер ё зуд бо пирӯзии яке аз ин ду ҷиноҳ тамом хоҳад шуд: “Инҷо масъала фақат бархӯрди манфиъатҳо нест, балки мо бархӯрди дидгоҳҳои мухталиф дар бораи ояндаи Русия ва ояндаи сиёсати Русияро мебинем. Дар шароити чунин дуархия, албатта, ҳифзи ин дидгоҳҳо ва сиёсатҳои мухталиф ғайриимкон аст. Яъне яке аз ин ду ҷиноҳ дар муддати хеле кӯтоҳ мақоми авлотари худ ва, ҳамин тавр, авлавияти дидгоҳи худ нисбат ба ояндаи Русияро таъйид хоҳад кард”.
Аммо таҳлилгарон аз таърих намунаҳои муваффақтари дудаста шудани қудратро низ мисол меоранд, ки умдатаринҳояш сарвазирии Николай Косигин дар даврони раҳбари вақти Шӯравӣ Ленид Брежнев ва ё давраи кӯтоҳ, вале пуршӯри сарвазирии Пётр Столипин дар даврони подшоҳии Николайи 2, охирин подшоҳи сулолаи Романовҳост. Намунаи дигар подшоҳи якуми ин сулола Михаили аввал аст, ки дар асри 17 ба тахт нишаста буд, вале амалан бар Русия падари ӯ, Патриарх Филарет, ҳукумат меронд.
Дмитрий Медведев низ Владимир Путинро мисли падари худ мехонад. Ба ин далел, Эдвард Кинан аз донишгоҳи Ҳарвард, вазъи кунуниро бо он даврони пурошӯб қобили қиёс дониста, мегӯяд, ки шояд Путин ҳам фикр мекунад, ӯ мисли Филарет Русияро аз нав эҳё ва ба по хоҳад кард.
Аммо бубинем, ки баъди ду рӯзи дигар, 2-вуми март, чи хоҳад шуд?
XS
SM
MD
LG