Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Поёни хидмати махфии шоҳзода Ҳаррӣ дар Афғонистон


Вазорати дифоъи Бритониё мегӯяд, баъд аз таровиши хабари хидмати шоҳзода Ҳаррӣ дар Афғонистон, вай ба таври фаврӣ аз ин кишвар бароварда мешавад. Ҳаррӣ дар ҳоле ба ватан интиқол дода мешавад, ки 10 ҳафта дар ҳайати нерӯҳои бритониёӣ дар вилояти Ҳилманд хидмат кард. Ин тасмим дар вазорат барои он гирифта шуд, ки матбуоти Бритониё ваъдаи умумии пинҳон доштани хизмати Ҳаррӣ дар Афғонистонро шикат ва хабари як торнамои амрикоиро дар ин бора нашр кард. Ҳаррй писари хурдии шоҳзода Чарлз ва шоҳзодабонуи фоқиди Бритониё Диана, савумин вориси тахти бритониёист.
XS
SM
MD
LG