Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳои хуруҷи нерӯҳои Туркия аз Ироқ


Ба хабари шабакаи телевизионии NTV-и Туркия хуруҷи неруҳои ин кишвар аз шимоли Ироқ шурӯъ шудааст, ки дар ин ҷо бар зидди ошӯбгарони курд амалиёт анҷом медоданд. Аммо хабаргузории Ройтерз ба нақл аз мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар Бағдод бо вуҷуди ақибнишинии қисме аз нерӯҳои Туркия ҳанӯз наметавон гуфт, ки амалиёти онҳо ба поён расидааст. Пештар гуфта мешуд, Туркия дар ивази хуруҷи бахше аз нерӯҳояш ҷузвутомҳои наверо ба шимоли Ироқ ворид мекунад. Анкара ин ахборро шарҳ надодааст.
XS
SM
MD
LG