Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дӯсту рафиқҳои Назарбоев


Коршиносон мегӯянд, Путин барои Назарбоев аз раҳбарони кишварҳои осиёивӣ дида наздиктар аст.

Коршиносон мегӯянд, Путин барои Назарбоев аз раҳбарони кишварҳои осиёивӣ дида наздиктар аст.

Муносиботи фардӣ ва ё шахсии сарварони кишварҳои Осиёи марказӣ, ба таъйиди бархе аз аҳли назар, метавонад дар муносиботи байнидавлатӣ нақши умда бибозанд.

Ба андешаи Сергей Пашевич, раиси Иттиҳодияи собиқадорони Қазоқистон дар қораи Осиё чунин муносибот баръало мушоҳида мешавад. Дар ағлаби маврид чун ҳукуматҳо бо ҳам мувофиқа карда натавонанд, дар чунин ҳолат мӯҳраҳои асосӣ, яъне раисони ҷумҳур вориди саҳна мешаванд ва бисёр муамморо ҳал мекунанд.

Ба гуфтаи оқои Пашевич, маҳз муносиботи шахсии раисони ҷумҳур буд, ки охири солҳои 90-и садаи гузашта низои миллӣ дар ҷануби Қирғизистон ва баъд баъзе мушкилот дар марзи Қазоқистону Ӯзбакистон ҳал гардиданд. Эдуард Полетаев, сардабири маҷаллаи «Мир Евразии» низ ба ин гуфтаҳо мувофиқ аст ва ӯ таъкид мекунад. ки чунин муносиботи шахсӣ дар минтақа на танҳо нақши асосӣ, балки дар бисёр мавридҳо нақши ҳалкунанда мебозад. Вале вай чунин дӯстӣ ва муносиботи фардии раисони ҷумҳури кишварҳои минтақаро асосан ба режими сиёсии ин кишварҳо баста медонад. Оқои Полетаев мегӯяд, ҳама режимҳои сиёсие, ки дар минтақа мавҷуданд, режимҳои худкома ҳастанд ва бешубҳа ҳалли ин ё он масъалаи барои ин кишварҳо муҳим танҳо ҳангоми мулоқоти шахсии раисони ҷумҳур имконпазир мегардад. Сардабири маҷаллаи «Мир Евразии» дар ин робита руйдоди соли 2005 дар Қирғизистон, яъне инқилоби рангаи ин кишварро мисол меорад ва мегӯяд, ки он вақт мулоқоти Нурсултон Назарбоев дар ҳалли бисёр масъала ёрӣ расонд.

Сабаби дигари қаробати байниҳамдигарии раисони ҷумҳури кишварҳои минтақаро оқои Полетаев бар он марбут медонад, ки ағлаби ин сарварон парвардаи даврони шӯравианд ва баъди ба даст овардани истиқлолият онон ҳамоно муносиботи хешро идома медиҳанд. Ҳатто раисҷумҳури, ба истилоҳ инқилобии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев баъди ба сари қудрат омаданаш бо роҳи Саакашвилию Юшенко нарафта, баръакс ба клуби сарварони кӯҳнаи замони шӯравӣ пайваст.

Дар робита ба баъзе овозаҳое, ки гӯё байни Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов як навъ зиддияте ҳаст, оқои Полетаев инро танҳо овоза медонад ва барои тақвияти гуфтааш ғояи бунёди Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказиро мисол меорад.

Вале сиёсатшинос Айдос Саримов ба ин гуфтаҳо розӣ нест ва таъкид мекунад, ки байни сарварони кишварҳои минтақа, ба вижа байни Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов зиддияти ошкоро мавҷуд аст ва инро дар ҷаласаҳои сарварони кишварҳои муштаракулманофеъ ва соири ҷаласаҳо метавон мушоҳида намуд. Ба гуфтаи оқои Саримов, онҳо гӯё бо ҳам зоҳиран муносибати нек доранд, вале дар асл ҳамдигарро, агар дағалтар карда гӯем, чашми дидан надоранд ва Нурсултон Назарбоев чунон муносибатеро, ки бо Владимир Путин ва Борис Елсин - раисони ҷумҳури имрӯзаву пешини Русия дошту дорад, ҳеч гоҳ бо раиси ҷумҳури Ӯзабакистон надошту надорад.

Сиёсатшинос таъкид мекунад, ки агар сарварони кишварҳои минтақа, ба вижа раисони ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбакистон бо ҳам муносибати нек медоштанд, кайҳо Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ арзи вуҷуд мекард. Таи анқариб бист сол комиссиюну дигар ниҳодҳо ба вуҷуд омаданд, вале ҳеч не ки ин иттиҳод пайдо шавад. Бар илова, ба андешаи оқои Саримов, байни Қазоқистону Ӯзбакистон рақобат барои лидерӣ дар минтақа ва нобоварӣ ба ҳамдигар нерӯ мегирад. Чунин рақобат ҳамеша байни Қазоқистону Ӯзбакистон ва қаблан дар даврони Туркманбошӣ байни Қазоқистону Туркманистон вуҷуд дошт. Аз ин хотир, ағлаби сарони кишваҳои минтақа худро донои Осиёи марказӣ медонанд ва бо ҳамин аз ҳам дур мегарданд.

XS
SM
MD
LG