Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркҳо дар Ироқ курд меҷӯянд


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар Анкара, пойтахти Туркия бо мақомоти ин кишвар мавзӯъи амалиёти низомии нирӯҳои Туркия алайҳи чирикиҳои курд дар шимоли Ироқро баррасӣ карда, аз мақомоти Туркия хостааст, амалиёти низомӣ дар шимоли Ироқро дар кӯтоҳмуддат поён диҳанд.

Аммо ҷониби Туркия ягон замони мушаххасе барои анҷоми ин амалиёти низомиро таъйин накарда, фақат гуфтааст, ки нирӯҳои туркӣ танҳо баъд аз расидан ба ҳадафи худ, яъне хунсо кардани таҳдиди ҳамалоти нави чирикиҳои курд алайҳи Туркия, тарки шимоли Ироқ хоҳанд кард. Вазири дифоъи Туркия Ваҷдӣ Гонул гуфт, нирӯҳояш дар шимоли Ироқ то замоне, ки лозим ҳаст, хоҳанд монд. Аммо вай афзуда, ки Анкара ба тӯл додани амалиёт манфиатдор нест. Ба гуфтаи Гонул, бидуни зарурат онҳо аслан қасди истодан дар ин ҳавои 26 дараҷаи зери сифрро надоранд.

Бо ин ҳол, мақомҳои низомии Туркия мегӯянд, то кунун дар ҷараёни ин амалиёт тақрибан 230 чирикии курд кушта шудааст. Ҳизби коргарии Курдистон мегӯяд, то кунун беш аз 100 сарбози артиши Туркияро сари тир кардааст. Аммо ҳарду маълумот ба далели дар манотиқи дурдаст ва дастнорас сурат гирифтанаш аз ҷониби манобеъи мустақил таъйид нашудааст.

Ҷамъи чирикиҳои дар сарзаминҳои низ умдатан курднишини Ироқ паноҳбурдаи Ҳизби коргарии Курдистон аз 4 то 5000 нафар рақам зада мешавад.

Амалиёти низомии артиши Туркия алайҳи чирикиҳои марбут ба ҳизби коргарии Курдистон, гурӯҳе, ки ба хотири истиқлолияти сарзаминҳои курднишини Туркия чанд даҳсола ба ин сӯ муборизаи мусаллаҳона мебарад, ибтидо ба кадом мухолифати тунде аз сӯи мақомоти Ироқ рӯбарӯ нашуд. Бағдод амалиёти артиши Туркия дар шимоли Ироқро танҳо лафзан маҳкум карда, аз Анкара хост, ин амалиётро ҳаддалмумкин зудтар ба поён бирасонад. Бағдод гуфта буд, ба тӯл кашидани амалиёти нирӯҳои туркӣ дар қаламрави Ироқ метавонад суботи дар маҷмӯъ минтақаро ба чолиш рӯбарӯ кунад.

Аммо бо гузашти як ҳафта аз оғози амалиёт, тавре ба назар мерасад, ки тоқати Бағдод тоқтар мешавад. Вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зиборӣ дар Бағдод дар пайи мулоқоташ бо фиристодаи сарвазири Туркия Аҳмад Довудоғлу гуфт:

“Мо хуруҷи ҳаддалмумкин зудтари ин нирӯҳо аз қаламрави Ироқро талаб дорем. Мо омодагии худ барои ҳамкорӣ бо ҳукумати Туркия дар амри саркӯб кардани терроризм ва саркӯб кардани ҳизби коргарии Курдистонро бо роҳҳои мухталифе изҳор доштаем.”

Аммо Аҳмад Довудоғлу, мушовири аршади сиёсати хориҷии сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба навбаи худ гуфт, амалиёти низомии артиши ин кишвар дар шимоли Ироқ алайҳи гурӯҳи террористӣ буда, ба суди амнияти минтақа, аз ҷумла амнияти Ироқ аст:

“Барои мо, амалиёте, ки идома дорад, нақзи истиқлолияти Ироқ нест. Балки баръакс. Он истиқлолияти Ироқро дар сарзаминҳое, ки террористҳо фаъолият доранд, барқарор мекунад. Дар ин ҷо ҳадаф аз байн бурдани террористони ҳизби коргарии Курдистон аст.”

Аммо давлати Ироқ танҳо ҷонибе нест, ки Туркияро аз тӯл додани амалиёташ алайҳи чирикиҳои курд ҳушдор медиҳад. Масъуд Боризонӣ, раҳбари сарзаминҳои мухтори Курдистони Ироқ гуфтааст, агар нирӯҳои Туркия мардуми ғайринизомии курд ва ё ягон иншооти ғайринизомиро ҳадаф қарор диҳанд, мақомоти Курдистони Ироқ ҷиҳати шурӯъ ба муқовимати густурда дастур хоҳанд дод.

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико низ дар Анкара гуфт, Туркия бояд ин ҳақиқатро ҳам дарк кунад, ки амалиёти низомӣ танҳо ба сари худ таҳдиди террорро поён дода наметавонад.

Ҳизби коргарии Курдистон, ки Амрикову Иттиҳодияи Аврупо онро шомили рӯйхати созмонҳои террористӣ кардаанд, муборизаи мусаллаҳонааш ба хотири истиқлолияти сарзаминҳои умдатан курднишини ҷанубу шарқи Туркияро аз миёнаҳои солҳои ҳаштодуми асри гузашта оғоз кардааст. Гуфта мешавад, то кунун рӯёрӯиҳо байни гурӯҳҳои чирикӣ ва артиши Туркия дар ин сарзаминҳо мунҷар ба ҳалокати тақрибан 32 000 нафар шудааст.

XS
SM
MD
LG