Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш дар бораи курдҳо, Ироқ, Куба ва Медведев


Масъалаи курдҳо

Аз замоне, ки Туркия артиши чандин ҳазорнафараашро барои решакан кардани ҷангиёни Ҳизби коргарии Курдистон ва пойгоҳҳои он ба қаламрави Ироқи шимолӣ ирсол намуд, як ҳафта сипарӣ шуд.

Ба ваҷҳи умум, Вошингтон изҳор карда буд, ки мавқеъи Туркияро мефаҳмад, ва ҳамзамон аз мақомоти Анқара даъват менамуд, амалиёташро маҳдуд кунад ва ҳар чӣ зудтар артишашро ба ватан баргардонад.

Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш ин даъвати худро бори дигар такрор кард. Ӯ гуфт, Туркия, Ироқ ва ИМА дар симои Ҳизби коргарии Курдистон душмани муштаракро мебинанд ва ба манфиати ҳеҷ кас нест, ки ин гуруҳи шӯришӣ паноҳгоҳе дошта бошад. Буш афзуд:

“Амалиёти низомии Туркия бояд маҳдуд ва ҳамзамон муваққатӣ бошад. Дигар хел гӯям, мӯҳлати он набояд тулонӣ бошад. Туркҳо бояд ҳаракат кунанд, ҳаракаташон бояд босуръат бошад, онҳо бояд маъмурияташонро анҷом диҳанду аз қаламрави Ироқ хориҷ шаванд”.


Ироқ

Дар робита ба сиёсати ИМА нисбати Ироқ, Ҷорҷ Буш пешравии дар соли гузашта, баъд аз эъзоми неруҳои иловагии амрикоӣ ҳосилшударо қайд кард. Оқои Буш ҳама гуна даъватҳоро дар бораи фарохонии артиши Амрико аз Ироқро рад намуд. Ӯ гуфт, ки мунаққидонаш пешравиҳои мавҷударо ба инобат намегиранд ва ба талабҳои деринаашон идома медиҳанд.

Медведев

Хабарнигорон ба Ҷорҷ Буш дар робита ба Русия саволе доданд, ки Ҳилларӣ Клинтон яке аз номзадҳои эҳтимолии ҳизби демократӣ ба мақоми раёсатҷумҳурии Амрико ҳангоми посух ба он иштибоҳ карда буд. Ҳафтаи ҷорӣ хонум Клинтон натавонист номи номзади аслӣ ва ҷойгузини эҳтимолии раисҷумҳури Русия Владимир Путин - Дмитрий Медведевро ба ёд биёрад.

Бушро пурсидаанд, ки дар бораи Медведев чӣ метавонад гӯяд. Вай гуфт, ки ӯ ҳам дар бораи Медведев зиёд маълумот надорад. Буш афзуд, ки ба ҷойгузини эҳтимолиаш машварат медиҳад, ки ба нафъи ҳамкориҳои миёни Вошингтону Маскав ӯ бояд робитаҳои шахсиро эҷод кунад.

“Ман фаҳмидам, ки барпо кардани робитаҳои шахсӣ бо сарварони кишварҳо, ҳатто агар шумо бо онҳо розӣ нестед, хеле муҳим аст. Бо сарварони муайян. Ҳоло ман бо Ким Чен Ир чунин равобитро таъсис доданӣ нестам. Аммо муносиботи ИМ ва Русия хеле муҳиманд. Ин муносибот барои таҳкими назму субот муҳиманд. Барои робитаҳои мо дар Аврупо муҳиманд. Ба ҳамин хотир, ман машварат медиҳам, бо ҳар касе ки сиёсати хориҷии Русияро бар уҳда хоҳад дошт, бо вай бояд робитаҳои шахсӣ бунёд кард.”


Куба

Дар мавриди Куба, Ҷорҷ Буш имкони барпо кардани гуфтушунидҳо бо сарвари нави он кишвар Раул Кастроро рад намуд.

Ин мавзуъ бо сабаби он матраҳ шуд, ки дигар номзади эҳтимолии ҳизби демократӣ ба мақоми раёсатҷумҳурӣ Барак Обама омодагиашро барои доир кардани чунин гуфтушунид бидуни шартгузориҳои қаблӣ изҳор карда буд.

Оқои Буш гуфт, вохурӣ бо чунин ҳокими ситамгар мисли Кастро ба дигарон пайёми нодуруст мефиристад ва ба зарари кор хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG