Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амнияти СММ таҳрими Эронро ба овоз мегузорад


Пешбинӣ мешавад, ки охири ҳафтаи равон дар Шӯрои Амнияти СММ овоздиҳӣ дар мавриди бастаи сеюми таҳрими Эрон доир хоҳад шуд. То ин замон бо ишора ба саркашии Ҷумҳурии исломӣ аз қатъи барномаи ҳаставӣ Шӯрои Амнияти СММ ду дафъа болои Эрон таҳрим ҷорӣ кардааст.
Залмай Халилзод сафири ИМА дар СММ мегӯяд, шояд овоздиҳӣ рӯзи шанбе ба вуқӯъ пайвандад.
Дипломатҳо мегӯянд, Либия, Ветнам, Индонезия ва Африқои Ҷанубӣ дар шакли комил аз лоиҳаи пешниҳодии Британия, Фаронса ва Олмон пуштибонӣ намекунанд.
Аммо ҳатто бидуни дастгирии онҳо 11 кишвари дигар ва мин ҷумла панҷ узви доимии Шӯрои Амният аз лоиҳаи таҳрим дастгирӣ мекунанд ва он ба тасвиб хоҳад расид.
Дар паёме ба Шӯрои Амният вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ навиштааст, гузориши ахири Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ аз пешрафти таҳқиқи фаъолиятҳои қаблии Теҳрон гувоҳӣ медиҳад ва аз ин рӯ Шӯрои Амният ҳақ надорад Эронро барои идомаи ғанигардонии уран муҷозот намояд.
Сафири Эрон дар СММ Муҳаммад Хазоӣ изҳор намудааст, ки ҳатто дар ҳоли тасвиби таҳрим Эрон ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии нерӯи атомиро идома медиҳад.
Ӯ афзуд, ки Теҳрон нақша надорад ғанигардонии уранро мутаваққиф намояд.
XS
SM
MD
LG