Пайвандҳои дастрасӣ

Афсари олмонӣ бо куштори се гурҷӣ муттаҳам мешавад


Додситонҳои олмонӣ мегӯянд, як афсари махфии полиси ин кишвар, ки масъулияти муроқибати гурӯҳҳои исломиро бар дӯш дошт, дар иртибот бо куштори бераҳмонаи се шаҳрванди Гурҷистон боздошт шудааст.
Ин изҳорот рӯзи 27 феврал баъди кашфи ҷасадҳои се шаҳрванди Гурҷистон дар шаҳри Манҳейм, воқеъ дар аёлати Баден-Фуртемберги Олмон пахш шуд. Се марди гурҷӣ яке 28, дигаре 39 ва сеюмӣ 48-сола барои харидории мошини дасти дуюм бо миқдори зиёди пули нақд ба Олмон омада буданд.
XS
SM
MD
LG