Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА аз тамомияти арзии Косово пуштибон аст


Як мансабдори баландпояи департаменти давлатии ИМА изҳор намуд, ки ИМА ба таҷзияи Косово мухолиф аст. Ёвари котиби давлатии ИМА дар умури сиёсӣ Николас Бурнс гуфт, ки ИМА ба таҷзияи Косово комилан мухолиф аст. Ӯ афзуд, ки аксари кулли кишварҳои олам аз тақсими Косово пуштибонӣ намекунанд. Мисли Бурнс фиристодаи хоси Иттиҳодияи Аврупо дар Косово Питер Фейс дар шаҳри Вена изҳор намуд, ки Косоворо ба ҷузъҳо ҷудо нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG