Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги 1исроилӣ ва 32 фаластинӣ дар бархӯрдҳои ахир


Дирӯз бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар минтақаи Ғазза 20 фаластинӣ ва аз ҷумла 5 наврас ва писари раҳбари тундгарои созмони Ҳамос ба ҳалокат расиданд. Ҳамлаҳои Исроил баъди куштори як исроилӣ авҷ гирифтанд.
Рӯзи сешанбе дар натиҷаи мушакборони ҷануби Исроил аз тарафи ифротгароҳои исломии мустақар дар Ғазза як сокини шаҳри Сдероти Исроил кушта шуд. Вазири мудофиаи Исроил ҳушдор додааст, ки ҳамлаи заминӣ ҳам ҷой дошта метавонад.
Аммо рӯзи панҷшанбе партоби муашкҳои фаластиниҳо идома дошт ва ду исроилиро маҷрӯҳ намуд.
Дар давоми хушунатҳои ду рӯзи ахир камаш 32 фаластинӣ ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG