Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Патаркатсишвилиро дар боғи ҳавлиаш дафн карданд


Имрӯз дар маросими дафни раҳбари мухолифини Гурҷистон Бадрӣ Патаркатсишвилӣ чандин ҳазор нафар ширкат карданд. Патаркатсишвилӣ, ки аз сарватмандтарин шаҳрвандони Гурҷистон шинохта мешуд, дар саҳни боғи ҳавлиаш дар Тифлис ба хок супурда шуд. Вай дар синни 52-солагӣ бар асари дарди қалб ду ҳафта пеш дар Лондон ҷон дод. Патаркатсишвилӣ аз мунаққидони аслии ҳукумати раиси ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ буд, ки соли гузашта дар садри намоишҳои эътирозии мухолифин қарор дошт. Ин тазоҳурот баъдан бо эълони вазъи изтирорӣ дар кишвар анҷомид. Раҳбари мухолифини Гурҷистон пайваста роҷеъ ба хатари сӯйиқасд ба ҷонаш изҳорот пахш кардааст. Полиси Бритониё моҳи ҷорӣ гуфт, шаҳодати инро, ки гӯё Патаркатсишвилӣ дар натиҷаи сӯйиқасде ҷони худро аз даст дода бошад, надорад, аммо ба хотири такмили таҳқиқоташ ба баргузории санҷишҳои токсикологӣ амр додааст.
XS
SM
MD
LG