Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон аз сокинони кишвар хост, аз сафарҳои нозарур дар ҷодаҳои байнишаҳрӣ худдорӣ кунанд.

Дар муроҷиати кумитаи умури изтирорӣ омадааст, сафар дар роҳҳои куҳистонӣ ба далели селу тарма метавонад амнияти ҷони мусофиронро ба хатар андозад. Бино ба гузориши ин кумита, зарфи ду моҳи ахир бар асари ҳаводиси табиӣ дар ҷодаҳо чандин нафар кушта шудааст.

Дар рузи гузашта низ бар асари фаромадани тарма дар гарданаи Шаҳристон як корманди ширкати роҳсозӣ ҷони худро аз даст додааст.

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳавошиносон, дар рузҳои оянда гармшавии ҳаво ва боронравӣ пешбинӣ мешавад. Зимистони сард ва бориши бесобиқаи барф дар қаторкуҳҳои Тоҷикистон захираи обро фаровон карда ва бо гарм шудани ҳаво акнун захираи барф об шуда ва боиси фуромадани тарма ва сел мешавад. Ва ҳавошиносон дар баҳори имсол боло рафтани сатҳи оби рудхонаҳоро интизор доранд.

Мутахасисиони маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегуянд, зарфи ҳафтаи оянда дамои ҳаво боло рафта ва то 20 дараҷа болои сифр хоҳад расид.

Аммо масъулини Кумитаи умури изтирорӣ дар ҳоле аз сокинон дархости худдорӣ аз ҳаракат дар ҷодаҳои байнишаҳриро кардаанд, ки иртиботи ҳавоӣ миёни танҳо се шаҳри Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ва ҳамлу нақлу рафту омад миёни шаҳру вилоёт аслан тавасути роҳҳои заминӣ сурат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG