Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бритониё ба Тоҷикистон кӯмак мекунад


Вазири рушди байналмилалии Бритониё гуфт, ки кишвари вай ният дорад ба маблағи 1,5 миллион фунт стерлинг ба Тоҷикистон дар амри муқобила бо бӯҳрони башариаш кӯмак кунад. Дуглас Александр гуфт, ки онҳо ироаи кӯмакҳо ва хадамоти зарурии башариро ба онҳое, ки дар сардиҳои зимистони имсола ва бӯҳрони энрежӣ азият шудаанд, дар назар мегиранд. Кӯмакҳои Бритониё аз кампалҳо, ҷойхобҳои гарми кӯдакона ва генераторҳо иборат аст, ки бояд тавассути ду ҳавопаймо ҳафтаи оянда вориди Тоҷикистон шавад. Ин ҳама ёриҳо тавассути сохторҳои СММ ва ниҳодҳои масъули ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми ниёзманд тақсим мешавад. Дуглас Александр гуфт, ки "Зимистони шадид, ки ҳамроҳ бо бӯҳрони энержӣ омад, ҳаёти даҳҳо ҳазор сокини Тоҷикистонро бо хатар рӯбарӯ кардааст". Генераторҳои бритониёйӣ қарор аст дар мактабу шифохонаҳо тақсим шавад. Барои ироаи ин кӯмакҳо дар Тоҷикистон инчунин созмонҳои байналмилалии ёрирасон мисли Ҳайати "Шафқат", Наҷоти кӯдакон ва CARE International ҷалб шудаанд.

XS
SM
MD
LG