Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз ширкатдорони як ҳамоиш аз фаъолияти Кумисиюни муҷаввиздиҳии Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон шадидан интиқод карданд.

Бештари иштирокдорони ҳамоиши мазкур Кумисиюни муҷаввиздиҳии Кумитаи радио ва телевизиони ҳукумати Тоҷикистонро мониъа ва мушкилоти аслӣ дар роҳи густариши кори шабакаҳои мустақили радио ва телевизион дар кишвар арзёбӣ карданд. Дар нишаст таъкид шуд, ки кумисиюн сиёсати тарҳрезишуда ва ё барномаи муайян надорад ва ба ҳамин далел афроде, ки нияти таъсиси радио ва телевизиони мустақилро доранд, барои дарёфти иҷозатнома ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд.
Иззатманди Салом, як масъули дафтари Интернюс дар Тоҷикистон гуфт дар 3 соли охир 5 шабакаи радиоӣ дар ҷануби Тоҷикистон, ки бо мадади созмонҳои байнулмилалӣ ҳама таҷҳизоти радиоиро дастрас кардаанд, аммо ба маҳзи нагирифтани иҷозатнома, наметавонанд ба кор оғоз кунанд.
Вай афзуд, сиёсати ин кумисиюнро раиси Кумитаи телевизон ва радиои ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳамзамон масъулияти раёсати Кумисиюни муҷаввиздиҳиро бар уҳда дорад, татбиқ мекунад, ва бо иваз шудани раиси ин кумита ин сиёсат тағйир меёбад.
Ин нуктаро Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, низ таъйид кард ва гуфт, ки усули дарёфти муҷаввиз аз Кумисиюни мазкур баҳсбарангез ва шубҳанок аст. Оқои Қаршибоев раиси Кумитаи радио ва телевизиони ҳукумати Тоҷикистонро дар пинҳонкорӣ ва ошнобозӣ дар амри дарёфти муҷаввиз муқассир хонд.
Дар ҳамин ҳол, Самад Ҳикматов, муъовини раиси Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон, ки ҳамзамон ҳамин маъулиятро дар кумисиюни муҷаввиздиҳӣ бар уҳда дорад, бо радди чунин даъвоҳо гуфт, ки фаъъолияи ин кумисиюн шаффоф аст ва афроде, ки асноди худро бо риъояти қонун таҳия ва пешниҳод мекунанд, дар амри дарёфти муҷаввиз мушкилие нахоҳанд дошт.
Аммо Мӯсо Асозода, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили электронии Тоҷикистон ва яке аз аъзои Кумисиюни муҷаввиздиҳӣ, низ аз амалкарди масъулони кумисиюни мазкур интиқод кард.
Аксари суханронон дар ин ҳамоиш бар ин нукта таъкид карданд, ки ба хотири рушди фаъолияти радио ва телевизионҳои мустақил дар кишвар кумисиюни муҷаввиздиҳӣ бояд аз таркиби Кумитаи радио ва телевизони ҳукумат берун карда шавад. Зеро ин кумита ҳозир ва ё ҳавасманд нест, ки дар баробари худ рақибонро дар ин арса дошта бошад.
Ҳамчунин ширкатдорони ҳамоиш пешниҳод карданд, ки ҳайъати Кумисиюни муҷаввиздиҳӣ бояд аз шумори афроди босалоҳияту мутахассис ва ҳамзамон бонуфуз ташкил карда шавад. Аз тарафи дигар барои фаъъолияти ҳайъати кумисиюн низ бояд маҳдудият ҷорӣ карда шавад.
Феълан дар Тоҷикистон 25 радио ва телевизиони ғайридавлатӣ расман сабт шудаанд, ки 18 адади он фаъъолият мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG