Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Сербистон қарзи Косоворо баррасӣ мекунад


Имрӯз ҳукумати Сербистон барои баррасии мавзӯи хатми пардохти қарзҳои байналмилалии Косово баъди эълони истиқлолияти ин минтақа дар моҳи ҷорӣ ташкили ҷаласа мекунад. Сербистон то имрӯз қарзи Косоворо дар ҳаҷми 1,2 миллиард доллар пардохт мекард, бо ин вуҷуд, ки шурӯъ аз соли 1999 ҳама салоҳиятҳояшро дар ин минтақа аз даст додааст. Вазири иқтисод ва дигар вузарои рӯ ба Ғарби ҳукумати Сербистон гуфтанд, ки Белград бояд ба пардохти қарзҳои Косово хотима диҳад, чунки тавони ҷамъоварии молиётро аз сокинони ин минтақа надорад. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои тундрави миллатгаро дар ҳукумати Белград мегӯянд, ки чунин иқдом маънои даст кашидани Сербистон аз Косоворо хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG