Пайвандҳои дастрасӣ

Патаркатсишвилро ба хок хоҳанд супурд


Имрӯз дар Тифлис маросими хоксупории раҳбари мухолифини Гурҷистон Бадрӣ Патаркатсишвилӣ баргузор мешавад, ки рӯзи 13 феврал дар манзили худ - ҷануби Инглистон ҷон додааст. Патаркатсишвилӣ аз мунаққидони аслии ҳукумати раиси ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ буд, ки дар садри намоишҳои эътирозии мухолифин соли гузашта қарор дошт. Ин тазоҳурот баъдан бо эълони вазъи изтирорӣ дар кишвар анҷомид. Раҳбари мухолифини Гурҷистон пайваста роҷеъ ба хатари сӯйиқасд ба ҷонаш изҳорот пахш кардааст. Полиси Бритониё моҳи ҷорӣ гуфт, шаҳодати инро, ки гӯё Патаркатсишвилӣ дар натиҷаи сӯйиқасде ҷони худро аз даст дода бошад, надорад, аммо барои такмили таҳқиқоташ ба анҷоми санҷишҳои токсикологӣ амр дод.
XS
SM
MD
LG