Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқот: Мусалмонҳо терроризмро маҳкум мекунанд


Як пажӯҳиши фарогире роҷеъ ба Ислом ва пайравони ин мазҳаб дарки ғарбиҳоро роҷеъ ба мусалмонҳо ва хушунату тундгароӣ ба чолиш кашондааст. Таҳқиқоти мазкур дар тӯли шаш сол ва дар маҳдудаи се қораи сайёра аз ҷониби маркази назарсанҷии Gallup бар асоси пурсиши 50 ҳазор нафар анҷом гирифтааст. Таҳқиқот мегӯяд, ки аксари кулли мусалмонҳо, яъне 93 дар сад, ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001-ро болои ИМА ва дигар кишварҳои ҷаҳон маҳкум мекунанд. Дар ҳамин ҳол, танҳо 7 % мусалмонҳо ба нишони пуштибонӣ аз ин ҳамлаҳо далелҳои сиёсӣ на мазҳабӣ овардаанд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот рӯзи чоршанбе дар Вашингтон муаррифӣ шуд.
XS
SM
MD
LG