Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии полис бо Толибон 26 кушта ба ҷо гузошт


Раиси полиси вилояти Ҳилманди Афғонистон гуфт, ки ҷангиёни Толибон ба гурӯҳи маҳвкунандаи киштҳои хашхош ҳамла намуданд. Дар натиҷаи рӯёрӯии миёни ду ҷониб 25 шӯришӣ ва як афсари полис ба ҳалокат расиданд. Генерал Муҳаммад Ҳусайн Андивол дар сӯҳбат бо Ассошейтед Пресс гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 27 феврал дар вулусволии Марҷаъ рӯй дод. Муҳимтарин минтақаи тавлидкунандаи афюн дар Афғонистон вилояти Ҳилманд маҳсуб мешаванд.

XS
SM
MD
LG