Пайвандҳои дастрасӣ

Се калима ва насби радарҳои ИМА дар Чех


Роберт Гейтс (аз чап) ва Мирек Тополанек дар Прага, октябри соли 2007

Роберт Гейтс (аз чап) ва Мирек Тополанек дар Прага, октябри соли 2007

Барои имзо кардани қарордод дар бораи бунёди сипари зиддимушакӣ дар қаламравӣ Чех танҳо як масълаи ҳалношуда боқӣ мондааст.

Ин нуктаро ахиран раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш ва Мирек Тополанек, сарвазири Ҷумҳурии Чех,таъйид намуданд. Раҳбари Ҷумҳурии Чех дар ин робита, аз ҷумла, гуфт:“Ҳама мехоҳанд бидонанд, ки кай мо ба тавофуқ мерасем. Танҳо се калима боқӣ мондааст, ки бояд мушаххас гарданд. Баъзан ҳатто як калимаи муҳим метавонад ҳамаро вайрон кунад, аммо ин калимаҳои боқимонда калидӣ нестанд ва мо ин мушкилро ҳал хоҳем кард”.
Президент Ҷорҷ Буш низ ин фикри ҳамсонро изҳор намуд, ки барои расидан ба тавофуқ ҷонибҳо наздик омадаанд: “Бубинед, ҳама ба хотири амнияти муштарак ва ба хотири сулҳ хоҳиши анҷоми ин корро доранд”.

Тополанек бар ин назар аст, ки ягона нуктаи нигаронӣ барои Ҷумҳурии Чех ин имкони таъсири зараровар доштани ҳузури низомии ИМА ба муҳити зист дар қаламрави кишвараш мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки созишномаи миёни ду кишвар бояд аз ҷониби порлумони Чех тасвиб гардад.

Тибқи нақшаи ИМА, дар Ҷумҳурии Чех бояд пойгоҳи радарӣ ва дар Лаҳистон (Полша) 10 мушаки зидди ҳамлаҳои эҳтимолии ҳавоӣ насб гарданд. Ҳукумати Буш иддаъо дорад, ки ин система барои муҳофизати Амрико ва кишварҳо NАТО аз ҳуҷуми эҳтимолии кишварҳои “меҳвари шарорат” зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Русия Владимир Путин шадидан мухолифи ин системаи дифоъ буда, бар ин аст, ки ҳадафи аслии лоиҳаи мазкур Русия аст. Путин таҳдид кардааст, ки, агар мушакҳо дар қаламрави Лаҳистон ҷойгир карда шаванд, Русия мили баъзе мушакҳои худро ба самти ин кишвар хоҳад гардонид.

Вале Буш дирӯз эълом дошт, ки Русия ҳадафи радар нахоҳад буд: “Русия барои сулҳ хатар эҷод намекунад. Танҳо режимҳое, ки мафкураҳои ифротгароиро дунбол мекунанд ва қобилияти истифодаи силоҳ бар зидди тарафдорони озодиро доранд, барои сулҳ хатарнок маҳсуб мешаванд. Системаи дифоъ аз ҳамлоти мушаки танҳо муқобили чунин кишварҳо равона шудааст”.
Феълан гуфтушунидҳои Вашингтон бо Варшава пиромуни насби мушакҳо идома доранд, аммо баъд аз ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Лаҳистон дар каме онҳо кундтар пеш мераванд.
Вале, дар ҳамин ҳол, муъовини сухангӯи департаменти давлатии ИМА Том Кейси дирӯз хабар дод, ки гуфтушунудҳо бо Лаҳистон ба пешравии хуб ноил гаштааст: “Он қарорҳо дар ҳоли қабулшавианд. Котиби давлатии Амрико Кондолиза Райс ва вазири корҳои хориҷаи Лаҳистон Радислав Сикорскӣ чанд ҳафта пеш ин мавзӯъро баррасӣ кардаанд ва дар бораи рафти гуфтушунидҳо ба омма иттилоъ дода будаанд”.

Қарор аст, ки нишасти сарони кишварҳои аъзои NАТО аз 2- то 4-уми апрел дар Бухарест, пойтахти Руминия, доир гардад.
XS
SM
MD
LG