Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақат 30% Афғонистон зери назорати Карзай аст


Баъди шаш соли барканорсозии Толибон ҳукумати Афғонистон тахминан 30% ин кишварро таҳти назорат дорад.
Майкл Макконнел мансабдори баландпояи истихбороти ИМА ба Кумитаи хидмати низомии Сенат гуфт, Толибон наздик ба 11% хоки Афғонистонро таҳти тасарруф қарор додаанд.
Қаламрави боқимондаи ин кишвар аз тарафи қабилаҳои маҳаллӣ назорат мешавад.
Шарҳи фармондеҳи амрикоӣ замоне ба табъ расидааст, ки дар вилояти Пактикои Афғонистон бар асари таркиши бомбаи канори роҳ ду сарбози Полша ва ё Лаҳистон ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG