Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи эъдоми рӯзномагор дар Кобул баҳс мешавад


Тақозои бознигарии ҳукми эъдоми рӯзноманигори афғони муттаҳам бо куфр ба шаҳри Кобул интиқол ёфт, то муҳокимаи одилона кафолат дода шавад.
Моҳи гузашта додгоҳи шаҳри шимолии Мазори Шариф Саид Парвиз Комбахшро ба эъдом маҳкум кард. Ҷурми Комбахш ин будааст, ки ӯ аз интернет як мақоларо чоп ва ба дигарон тавзеъ намуд.
Дар ин мақола тафсири нақши занон дар Қуръон мавриди шубҳа қарор гирифта буд. Комбахш мегӯяд, муҳокима дар пушти дарҳои баста ҳамагӣ чор дақиқа давом дошт ва ӯро ба эъдом маҳкум намуданд.
XS
SM
MD
LG