Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия неруҳояшро аз шимоли Ироқ берун намекунад


Аҳмад Давлатоғлу, фиристодаи вижаи ҳукумати Туркия изҳор намуд, ки Анқара ҷадвали хуруҷи неруҳояш аз шимоли Ироқро фақат баъди аз байн бурдани пойгоҳҳои ошубгарони Ҳизби коргарони Курдистон дар ин минтақа таҳия хоҳад кард. Ин изҳороти Давлатоғлу баъд аз музокироти ӯ бо Ҳушёр Зебарӣ, вазири хориҷаи Ироқ пахш гардид.

Неруҳои Туркия барои анҷоми амалиёти низомӣ алайҳи ошубгарони курд рӯзи 21 феврал вориди шимоли Ироқ шуданд.

Имрӯз низомиёни турк гуфтанд, ки дар задухурдҳои шаби гузашта 77 тан аз ошубгарон ба ҳалокат расиданд ва теъдоди умумии ошубгарони кушташуда дар задухурдҳои ахир тақрибан 230 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин амалиёт, ба иттилоъи расмӣ, ҳамчунин 24 афсару сарбози турк низ ба ҳалокат расиданд.

Имрӯз Роберт Гейтс, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида бори дигар аз Туркия даъват кард, ки амалиёти низомӣ алайҳи ошубгарони Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқро ба дарозо накашад.

Бағдод амалиёти неруҳои туркӣ дар қаламрави кишварро чун “таҳдиди ҷиддӣ ба якпорчагиву истиқлоли Ироқ” арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG