Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми муҷримон дар ҳамла ба қаторҳои Испания


Додгоҳи Испания 20 тан аз исломгароҳоро бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи террористӣ ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард. Гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо бо созмони "Ал-Қоида" робита доштанд ва амалҳои террористӣ дар Испанияро тарҳрезӣ мекарданд. Раҳбари гурӯҳ Абдураҳмон Тоҳирӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Муҷримон соли 2004 ум, чанд моҳ баъд аз ҳамлаи террористӣ дар қатораҳо боздошт шуданд, ки бар асари ин ҳамла 191 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG