Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи рӯёрӯии Туркия ва курдони ироқӣ


Чахболҳои ҷангии Туркия дар марз бо Ироқ
Чахболҳои ҷангии Туркия дар марз бо Ироқ

Анқара нерӯҳояш аз шимоли Ироқро танҳо баъди аз байн бурдани пойгоҳҳои ошӯбгарони Ҳизби коргарони Курдистон дар ин минтақа хоҳад баровард.

Дар ин бора Аҳмад Давлатоғлу, фиристодаи вижаи ҳукумати Туркия, баъд аз музокироташ бо Ҳушёр Зебарӣ, вазири хориҷаи Ироқ, хабар дод.
Нерӯҳои Туркия барои анҷоми амалиёти низомӣ алайҳи ошӯбгарони курдӣ ҳанӯз 21-уми феврал вориди шимоли Ироқ шуда буданд. Дар задухӯрдҳои шаби гузашта, ба иттилоъи раҳбарияти артиши туркия, 77 тан аз ошӯбгарон ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки теъдоди умумии ошӯбгарони кушташудаи курдӣ дар задухӯрдҳои ахир тақрибан 230 нафарро ташкил медиҳад. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин амалиёт, 24 афсару сарбози туркӣ низ ба ҳалокат расиданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Ироқ аз амалиёти низомии Туркия дар шимоли кишвар ҳарчи бештар изҳори нигаронӣ мекунад ва ҳадс мезананд, ки ҳалокати мардуми осоишта бар асари ин амалиёт шояд нерӯҳои низомии курдии мавсум ба «Пешмарга»-ро вориди низоъ кунад. Ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши низоъ ҳукумати Нурӣ ал-Моликӣ аз Анқара тақозо кард, ки нерӯҳояшро аз шимоли Ироқ берун кашад. Дирӯз сухангӯи раиси ҳукумат Алӣ ад-Даббоғ нигарониҳои афзояндаи Бағдодро ин гуна шарҳ дошт: “Мо мехоҳем равобити хуби худ бо Туркияро ҳифз кунем ва Туркия низ бояд дарк кунад, ки вазъ хатарбор аст ва аз як иштибоҳи низомӣ низоъ метавонад густариш ёбад. Шояд задухӯрдҳо миёни «Пешмарга» ва нерӯҳои туркӣ шурӯъ шуда, мардуми осоишта ва сохторҳои минтақаро низ ба гирдоби худ бикашанд, ки ин барои ҳукумати Ироқ қобили қабул нест”.
Ба назар мерасад, ки дасти Бағдод дар ҳалли ин мушкил кӯтоҳ аст, зеро минтақаи курднишин дар шимоли кишвар таҳти назорати ҳукумати марказӣ нест. Бо вуҷуди ин, нигарониҳои ҳукумат бепояву бебунёд нестанд ва нишонаҳои имкони густариши низоъ ҳам мушоҳида мешаванд. Як ҳафта пеш гурӯҳи мусаллаҳони «Пешмарга» дар мавзеъи Барменӣ пеши роҳи корвони зиреҳпӯшҳои Туркияро гирифта талаб карданд, ки онҳо ақиб гарданд. Хабаргузории «Франс-Пресс» менависад, мусаллаҳони курдӣ ба низомиёни Туркия гуфтанд, ки онҳо фақат баъди аз болои ҷасадҳои эшон гузаштан метавонанд ба ин мавзеъ ворид шаванд. Баъди ин туркҳо ақибнишинӣ карданд, зеро мақомоти кишвар ба такрор ба низомиён ёдрас мекунанд, ки ҳадаф аз амалиёт муҷозоти ҳамаи курдҳо нест.
Дар ҳамин ҳол, Реҷеп Таййиб Эрдуғон, сарвазири Туркия, амалиёти низомӣ дар шимоли Ироқро ҳимояи қонунии қаламрави худ аз мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон арзёбӣ мекунад. Анқара мехоҳад, ки пойгоҳҳои мусаллаҳони ин ҳизб дар шимоли Ироқро аз байн барад. Ошӯбгарони курдӣ маҳз аз ҳамин пойгоҳҳо ба қисмати ҷануби шарқии Туркия ҳамла меоваранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки порлумони вилояти худмухтори Курдистони Ироқ ин ҳафта амалиёти нерӯҳои Туркия дар шимоли Ироқро маҳкум кард ва аз ҳампаймонҳои Туркия, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, хостори кумак дар ҳифзи минтақа шуд. Роберт Гейтс, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи гузашта чанд бор аз Туркия даъват карда буд, ки амалиёти низомӣ алайҳи ошӯбгарони Ҳизби коргарони Курдистонро ба дарозо накашад. Сарвари Пентагон, ки айни ҳол бо як боздид дар Ҳиндустон аст, ахиран дар нишасти хабарӣ дар Ню Деҳлӣ такрор кард, ки “ин амалиёт бояд ҳамагӣ чанд ҳафта идома кунад ва моҳҳо тӯл кашидани он ғайри қобили қабул аст”. Ҳамзамон вазири дифоъи Амрико аз маҳкум кардани амалиёти низомии туркҳо дар шимоли Ироқ худдорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG