Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон ҳукумати Тоҷикистонро дар фасодзадагӣ ва мусоъидат дар густариши иқтисоди пинҳонӣ дар кишвар муқассир меҳисобанд.

Ба гуфтаи ин вакилон, дар бештари маворид ҷиноятҳои сангини иқтисодӣ дар кишвар бо ширкати мансабдорони давлатӣ рух медиҳад.
Аммо Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ин иддаоҳоро такзиб намуда, гуфт, ки давлати Тоҷикистон дар амри мубориза бо фасод ба пешравиҳои қобили мулоҳиза ноил шудааст.
Зимни баррасии лоиҳаи қонун дар бораи Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод, дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз афзоиши фасодкорӣ дар мақомоти давлатӣ ва ҳамзамон аз густариши иқтисоди пинҳонӣ дар кишвар шадидан изҳори нигаронӣ карданд. Ба гуфтаи намояндагони порлумон, ҳокимият дар Тоҷикистон олуда ба фасод аст ва ривоҷи иқтисоди пинҳонӣ ба ҳаддест, ки маблағи буҷҷа дар баробари он ба маротиб камтар аст.
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки то кунун мақомоти кишвар натавонистаанд ҷиҳати коҳиши сатҳи коррупсия дар ҳукумат иқдомоти муассиреро анҷом диҳанд. Зеро, ба қавли ӯ, фасод тақрибан дар ҳама сохторҳо реша гирифтааст: «Миллиард, миллиард пул. Ин буҷете, ки мо ҷангҷол мекунему ҳамдигарро хафа мекунему вазири бечораи молияро ҳаминҷо чухт мекунем – ин ҳеҷ чиз аст дар баробари иқтисоди пинҳонӣ. Ҳукумат дар дасти ҳамин коррупсионерҳо ҳаст, аслан. Иқтисодиётро ҳаминҳо пачақ карданд. Одамоне, ки софдилона кор мекунанд, ҳамонҳо зери по карданд. Тараққиётро ҳаминҳо намемонанд. Мо дар бораи ин гап задан намехоҳем. Барои ҳамин мо бояд бигӯем, ки асоси асос (инҷо Шерон Одинаевич ҳастанд, ки мо сахт эҳтиромашон мекунем) ҳамин манбаъро кобед, шумо коррупсияро ҳадди ақалл кам карда метавонед».
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар, низ бар ин таъкид кард, ки фасодкорӣ дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ тақрибан ба як одат табдил ёфтааст: «Он фазои умумие, ки воқиъан сатҳи коррупсия ё фасод дар кишвар ва ба хусус дар мақомоти давлатӣ хеле зиёд аст, аз ҳеҷ кас пӯшида нест».
Садриддин Хайриддинов, узви Кумитаи сохтмон, саноат ва энержии Маҷлиси намояндагон, мегӯяд, ки дар бештари маворид ҷиноятҳои сангини иқтисодӣ дар кишвар бо ширкати мансабдорони давлатӣ рух медиҳад. Вале бидуни ҷазо боқӣ гузоштани мансабдорони олуда ва шарик бо фасод ва фасодкорӣ нақш ва мақоми ҳокимияти давлатиро дар ҷомиъа камранг месозад: «Имрӯз ягон ҷинояти калони муташаккилона, ягон ҷинояти калони иқтисодӣ бе иштироки шахсони мансабдори мақомоти роҳбарикунанда амалӣ намешавад. Бинобар ин бояд ҳамаи ҷиноятҳои ошкоршудаи иқтисодӣ, ҳамаи ҷиноятҳои калон таҳлил карда шаванд. Таҳлил карда шаванд аз нуқтаи назари иштироки мансабдорон дар онҳо ва ин гунаҳкорон ёфта ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд».
Дар ҳамин ҳол, Шерхон Салимзода, бо радди иддаоҳои вакилони порлумон, мегӯяд, ки давлат ҷиҳати мубориза бо фасод дар як соли ахир ба пешравиҳои қобили мулоҳиза ноил шудааст. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Ман ба ин фикр ва ақидае, ки агентӣ дар сатҳи боло касеро ба ҷавобгарӣ накашида бошад, розӣ нестам. Танҳо дар соли 2007 нисбати 136 нафар шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судӣ, прокуратура, умури дохила, гумрук парвандаҳои ҷиноятӣ барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ кушода шуд ва онҳо ба ҷавобгпарӣ кашида шуданд. Аз ҷумла, як нафар раиси ноҳия, чор нафар сардори нозироти андози шаҳру ноҳияҳо,чор нафар комиссариатҳои ҳарбӣ, муовини сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятии раёсати корҳои дохилии вилоятӣ, сардори раёсати сохтмони асосӣ ва сарбухгалтери раёсати сохтмони асосии вазорати тандуруст…»
Дар ҷараёни баррасии тарҳи қонун Сайдулло Хайруллоев ба унвони раиси Маҷлиси намояндагон аз раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон Шерхон Салимзода расман дархост кард, ки наҳва ва шаффофияти фурӯши амволи Ҳизби коммунисти кишварро мавриди тафтиш қарор диҳад: «Инқадар «Чайка» ва ин қадар мошинҳои наве, ки Ҳизби коммунист дошт, дар вақтӣ пошхӯрӣ гирифтанд, арзон карда хариданду баъдтар бурда даҳ карат қимат карда фурӯхтанд, ҳамонҳоро тафтиш кунед. Инро ман ҳамчун раиси Маҷлис мегӯям. Инҳоро як бор тафтиш кунед, худаш маълум мешавад. Мошин моли давлат буд, онро кӣ бурду кӣ хӯрд?»
Ба ин тартиб, Маҷлиси Намояндагон тарҳи қонун дар бораи Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро ба тасвиб расонида, замина ва шароити ҳуқуқии фаъъолияти ин ниҳодро фароҳам кард. Аммо ба бовари мунтаққидони давлат вуҷуди густардаи алоқа ва пайвандҳои таборӣ ва маҳаллии мансабдорони зинаҳои болоии ҳокимияти давлатӣ имкон нахоҳад дод, ки ниҳоди мазкур дар иҷрои масъулияташ комёб шавад.
XS
SM
MD
LG