Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин бурд дар таърихи лотереяи Ҷорҷия


Сокини аёлати Ҷорҷияи Иёлоти Муттаҳида Роберт Ҳаррис дар лотереяи Mega Millions 275 миллион доллар бурд кард. Ин бузургтарин бурд дар таърихи лотереяи Ҷорҷия маҳсуб мешавад. Роберт Ҳаррис ва хонумаш Тоня мегӯянд, ки ду билети лотереяро дар шаҳраки Портал харидорӣ карда дар онҳо рӯзҳои мавлуди набераҳояшонро сабт карда буданд.

Тибқи қоида, бояд маблағи бурд ба оилаи Ҳаррисҳо тайи 26 сол пардохта шавад ва аммо онҳо тасмим гирифтанд, ки бурди худро якбора бигиранд ва аз ин рӯ ба ин хонаводаи хушбахт маблағи камтар, яъне 167 миллион доллар пардохта мешавад. Соҳибони сармояи бузург, ки миёнаҳолона ба сар мебурданд, тасмим гирифтаанд, ки барои худ хонаи барҳаво бунёд карда ҳаққи таҳсили набераҳояшон дар донишгоҳро пардозанд.

XS
SM
MD
LG