Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Козулин бо хонумаш видоъ кард


Имрӯз ҳудуди ҳазор тан аз ҷонибдорони раҳбари зиндонии неруҳои мухолифини белорус Александр Козулин ҳамроҳ бо ӯ дар маросими дафни ҳамсараш Ирина Козулина ширкат карданд. Александр Козулин, ки барои панҷу ним сол маҳкум ба зиндон шудааст, ахиран барои се рӯз ва ширкат дар маросими ҷанозаи ҳамсараш аз маҳбас раҳо карда шуд. Мақомоти Белорус ӯро дар ташкили намоишҳои эътирозӣ алайҳи бори дигар раисиҷумҳур интихоб шудани раиси ҷумҳури мустабид Александр Лукашенко муттаҳам мекунанд.

Козулин баъди он муваққатан аз маҳбас раҳо шуд, ки алайҳи рад шудани дархости аввалияш барои ширкат дар ҷанозаи ҳамсараш гуруснагӣ эълон кард ва ба думболи ин Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида хостори озод кардани ӯ аз зиндон шуданд.

XS
SM
MD
LG