Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси шадиди Клинтон ва Обама


Довталабони курсии раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз Ҳизби демократ сенаторҳо Ҳилларӣ Клинтон ва Барак Обама баҳсҳои телевизионии навбатиро доир карданд. Онҳо мавқеъҳои ҳамдигар дар масоили марбут ба ҳифзи сиҳат, тиҷорат ва сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла, дар мавриди ҷанг дар Ироқро танқид карданд.

Ин баҳси телевизионӣ дар арафаи интихоботи муқаддамотӣ дар аёлатҳои Техас ва Огайо сурат гирифт. Ин раӣъдиҳӣ, ки рӯзи 4 март доир мешавад, барои Ҳилларӣ Клинтон метавонад сарнавиштсоз бошад - айни ҳол дар сабқат Обама пешсаф аст ва фақат бо пирӯзӣ дар дигар аёлатҳо Ҳилларӣ Клинтон шонси номзади демократҳо шуданро ҳифз хоҳад кард.

Номзад аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон тақрибан маълум аст – сенатор аз Аризона Ҷон МакКейн назар ба дигар довталабон аз ин ҳизб ба карат бештар раӣъҳоро ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG