Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс хостори анҷоми амалиёти туркҳо дар Ироқ шуд


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида аз Туркия даъват кард, ки амалиёти низомӣ алайҳи ошубгарони Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқро ба дарозо накашад. Сарвари Пентагон, ки айни ҳол бо як боздид дар Ҳиндустон ба сар мебарад, дар нишасти хабарӣ дар Ню Деҳлӣ гуфт, ки “ин амалиёт бояд ҳамагӣ чанд ҳафта идома кунад ва моҳҳо тул кашидани он ғайри қобили қабул аст”. Интизор меравад, ки фардо Роберт Гейтс ин мавзӯъро дар Анқара бо мақомоти Туркия низ баррасӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол имрӯз фиристодаи вижаи сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба хотири баррасии вазъ дар шимоли Ироқ дар Бағдод бо мақомоти кишвар сари гуфтугӯ менишинад. Дирӯз Бағдод амалиёти неруҳои туркиро чун “таҳдиди ҷиддӣ ба якпорчагиву истиқлоли Ироқ” арзёбӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG