Пайвандҳои дастрасӣ

Ба хабарнигор иҷозаи вуруд ба Русияро надоданд


Ба хабарнигори маҷаллаи "New Times" чопи Маскав Наталя Морар боз ҳам иҷозаи вуруд ба қаламрави Русияро надоданд. Тавре худи хонум Морар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, марзбонҳои фурудгоҳи Домодедово изҳор карданд, ки ӯ иҷозаи вуруд ба Русияро надорад. Наталя Морар мехост ҳамчун ҳамсари шаҳрванди Русия ба кишвар дохил шавад – охири ҳафтаи гузашта ӯ ва ҳамкораш аз маҷаллаи "New Times" Иля Барабанов хонадор шуданд.

Моҳи декабри соли гузашта низ Наталя Морар, шаҳрванди Молдова, дар фурудгоҳ боздошт шуда буд. Мақомоти марзбонӣ гуфтанд, ки тибқи дастури Хадамоти федеролии амнияти Русия вуруди ӯ ба кишвар ғайримумкин аст ва баъдан Морарро ба Молдова истирдод карданд. Талошҳои баъдии хабарнигор барои вориди Маскав шудан бидуни натиҷа поён ёфтанд.

Наталя Морар мутмаин аст, ки иқдоми мақомоти интизомии Русия бо фаъолияти хабарнигорияш бастагӣ дорад. Чанд матлаби нашркардаи Наталя Морар, аз ҷумла, дар бораи ба истилоҳ, "кассаи сиёҳ"-и Кремл ва сармоягузории аҳзоб дар маъракаҳои интихоботӣ боиси хашми мақомоти Русия шуда буд.

XS
SM
MD
LG