Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ мусаллаҳи ҲАМОС дар Хон Юнус


Бар асари ҳамлаи ҳавопаймои исроилӣ ба навори Ғаза панҷ мусаллаҳи гурӯҳи ҲАМОС кушта шудаанд. Ин ҳодиса дар канори шаҳри Хон Юнус рух дод. Шаби гузашта бар асари ҳамин гуна ҳамла ба қароргоҳи паноҳандагон воқеъ дар Бурайҷ як мусаллаҳи гурӯҳи “Ҷиҳоди исломӣ” ба ҳалокат расида буд.

Ба иттилоъи хабаргузории Франс Пресс, аз шурӯъи музокироти сулҳи Ховари Миёна дар моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ бар асари задухурдҳо ва ҳамлаҳои ҳавоӣ беш аз 200 нафар кушта шудаанд. Мақомоти Исроил мегӯянд, ки ҳамла ба қаламрави Фаластин – посух ба мушакборони хоки Исроил аз навори Ғаза аст.

XS
SM
MD
LG